Ноҳияи Роштқалъа дар ҳудуди таърихии водии Шохдара соли 1936 таъсис ёфта, соли 1963 бо Укази Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон барҳам хурд ва бо қарори Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми январи соли 1992 аз нав таъсис дода шудааст. Бостоншиносон ягона нишонаҳои асри биринҷро дар ҳудуди Помири ғарбӣ, маҳз дар Шохдара дар водии ҷавшангоз ёфтаанд, ки он дар илми бостоншиносӣ бо номи Южбок машҳур буда, таърихаш ба ҳазорсолаҳои II-I пеш аз милод рост меояд.

Ноҳия дар қисмати ҷанубу ғарбии Помир ҷойгир шуда, аз шарқ ба ноҳияи Мурғоб, аз ҷануб ба ноҳияи Ишкошим, аз ғарб бо шаҳри Хоруғ ва аз шимол бо ноҳияи Шуғнон ҳамсарҳад мебошад ва дар арзи шимолии 37 дараҷа ва тӯли шарқии 71-72 дараҷа ҷойгир буда, аввал аз маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ба самти ҷануби шарқӣ ва сипас аз километри 57 ба самти шимоли шарқӣ ба масофаи 154 км тӯл кашидааст. Аз ҳудуди ноҳия дарёчаи Шохдара ҷорӣ буда, онро ба соҳилҳои чапу рост чудо мекунад. Маркази ноҳия деҳаи Медон буда, дар баландии 2600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 40 км ва то пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе тавассути роҳи Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе 740 км ва тавассути ағбаи Хобуробот бо роҳи Хоруғ-Тавилдара-Душанбе 580 км. буда, 6,7% ҳудуди умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ишғол менамояд. Масоҳати умумӣ 4,2 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онро (96%) кӯҳҳо ташкил дода, заминҳои кишоварзӣ 68412 га, заминҳои корам 1828га ( аз он заминҳои назди ҳавлигӣ 404га ва 40га заминҳои иловагии хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон), чарогоҳҳо 66532га, дигар заминҳо 352861га-ро ташкил медиҳанд. ҳамагӣ дар ноҳия 2845 гектар замини обӣ мавҷуд аст. қуллаҳои баландтаринин дар ноҳия қуллаҳои Маяковский ва Павел Лукниский (5605 метр), Мирзо Турсунзода (6200метр) ва қуллаи Карл Маркс (6700метр) аз сатҳи баҳр буда, ҳамсарҳад бо қаторкӯҳҳои Ишкошим ва водии ғунди ноҳияи Шуғнон мебошанд. Баландии қаторкӯҳҳо аз 3000 то 6700 метрро ташкил медиҳад.

Иқлими ноҳия континенталӣ буда, ба чор давраи минтақавӣ ҷудо мешавад. Шароити зонаи чоруми минтақа (водии ҷавшангоз) хело вазнин буда, давраи хунукии ин мавзеъ то 7-8 моҳ давом мекунад, бинобар ин дар водии ҷавшангоз кишти зироатҳои кишоварзӣ ба ғайр аз кишт ва тайёр кардани хӯроки чорво амри маҳол аст. Хунукии ҳаво дар фасли зимистон тибқи маълумотҳои стансияи обуҳавосанҷии водии ҷавшангоз то ба -45-50 градус Селсия расида, ғафсии барф ба 1-1,5 метр мерасад.Миқдори солонаи боришот ба ҳисоби миёна 96-99 миллиметрро ташкил медиҳад. Олами набототи ноҳия бағоят ғанист. Дар минтақаи куҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар ноҳия дарахтони себ, зардолу, олуболу, олуча ва дарахтони сояфкан мерӯянд. Дар ҳудуди ноҳия пиряхҳои Баҷанддара, Вездара дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Барвоз ва Юбендара дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сежд мавҷуд мебошанд, калонтарини онҳо пиряхи “Вездара” (51,8 км2) мебошад. Инчунин дар ноҳия кӯлҳои Дурумкӯл (1,9 км3), Турумтайкӯл (2,2 км3) ва Кокбойкӯл (0,94 км3), Баликул дар ҷамоати деҳоти Сежд, Ойкӯл (0,83 км3) ва Зардевкӯл (2,1 км3) дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Барвоз тақрибан дар баландии аз 3269 то 4908 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.

Аз ҳудуди ноҳия ба масофаи 110 км дарёи Шоҳдара равон буда, он аз шохобаҳои дараҳои водии ҷавшангоз ва дараҳои Наспар, Риҷез, Дударгӣ, Шошбувад, Нимос, Андизбашур, Сеждзрав, Баҷанддара, Чандиндара, Бодомдара, Вездара, Анҷиндара,Тусёндара, Шарвдара ва Бодом сарчашма мегирад, ки заминаи хубе барои рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика мебошанд. Ноҳия аз канданиҳои фоиданоки табиии лоҷувард (дар мавзеъи Бодомдараи ҷамоати деҳоти Барвоз), сангҳои нодиру қимматбаҳо, аз ҷумла ёқут, квартс ва зумуррад (дар мавзеи Тусиёндараи ҷамоати деҳоти Тусиён), тахтасангҳои мармар (дар мавзеъи Тирбари ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар ва дар мавзеи Куки чамоати деҳоти Сежд) бой мебошад. Инчунин чашмаҳои гарму шифобахши Кук(61,40С), Реговтанг(56,70 С), Кукбой(500 С), Советобод (300 С), ҷараҷан(61,40 С) ва мавзеи қалъаи(410 С) ҷавшангози ҷамоати деҳоти Сежд ва манбаъи оби минералии «Нарзан» (дар деҳаи Вездараи ҷамоати деҳоти Барвоз) тавъам бо табиати дилпазиру мафтункунандаашон ва боду ҳавои мусоидашон ҷиҳати рушди бахши саёҳату табобат ва сайри кӯҳсору алпинизм камназир мебошанд. Ноҳия аз 6 ҷамоати деҳот (ҷамоатҳои деҳоти ба номи қурбоншоҳ Гадолиев, Тусиён, Мирсаид Миршакар, Роштқалъа, Барвоз ва Сежд) иборат мебошад.

Шумораи умумии аҳолии ноҳия зиёда 28000 нафарро ташкил медиҳад. Суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 1,8 фоиз мебошад ва 100 фоизи аҳолӣ дар деҳот истиқомат менамоянд. Зичии ҷойгиршавии аҳолии ноҳия дар 1 километри мураббаъ 16 нафарро ташкил медиҳад.

Роштқалъа аз нигоҳи хусусияти иқтисодиаш ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ дар рушди иқтисодии он нақши асосиро мебозад. Дар соҳаи кишоварзӣ 76% аҳолии қобили меҳнат фаъолият менамоянд ва барои қисми зиёди сокинон кишоварзӣ манбаи ягонаи даромад ба шумор меравад. Самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ чорводорӣ ва растанипарварӣ мебошанд. Истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣхоҷагиҳои деҳқонӣ (94%), хоҷагиҳои инфиродӣ (1%) ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (5%) мебошанд. ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус дар истеҳсоли картошка, ғалладонагиҳо ва сабзавот ва хоҷагиҳои инфиродӣ бошад, дар истеҳсоли гӯшт, шир, пашм, тухм, асал, мева зиёд мебошад. Аҳолӣ асосан ба чорводорӣ ва парвариши растаниҳои ғалладонагӣ (гандум, ҷав ва лӯбиёгӣ (мушунг, боқило), картошка, сабзавот, мева, хӯроки чорво (юнучқа, испарсет, ҷавдор) машғул мебошад. Аксарияти аҳолии деҳот даромади худро аз ҳисоби фурӯши картошка, сабзавот, мева ва маҳсулоти чорводорӣ ба даст меоранд. ҳиссаи умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар соли 2014 дар маҷмӯъ 12 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоятро (аз ҷумла ғалладонагӣ 13,8%, сабзавот 7,4%, картошка 11 %, меваҷот 2,8 %, хӯроки чорво 13,4 %, шир 12,9 %, гӯшт 16,8 %, тухм 5,2 %, асал 3,1 % ва пашм 22,5%) ташкил медиҳад.

Мақсади асосии кишоварзон дар давоми панҷ соли оянда (2016-2020), дар доираи Барномаи рушд ташкили корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва пӯсту пашм, хушзоткунии чорвои маҳаллӣ, рушди занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, азхудкунии заминҳои нав, бо роҳи интенсивӣ бунёд намудани боғҳои нав ва истифодаи самараноки чарогоҳхои мавҷуда мебошад. Таҳсиси кооперативҳои хизматрасонӣ, таҷдиди пурраи хоҷагиҳои деҳқонӣ, таҳсиси асотсиатсияҳои соҳавӣяке аз масъалаҳоиҳалталаби соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои рушди соҳаи чороводорӣ ва ташкили манбаи хӯроки чорво шароити хуб мавҷуд мебошад, зеро 97 фоизи масоҳати умумии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз чарогоҳҳо (аз ҷумла 32811 га чарогоҳҳои тобистона ва 0,01 фоиз марғзор (410 га) иборат мебошанд. Чорводорӣ яке аз бахшҳои асосии кишоварзӣ маҳсуб ёфта, вазни қиёсии он дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 54 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ҳаҷми 37,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли 201312,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

Султонноёбов Юсуф
Рузҳои қабул:
Душанбе то Шанбе,

аз соати 10:00 то 12:00

Роҳбарон

 
МАМАДШОЕВ Давлатшо
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: